Friday, 14 November 2025
СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲОИ КИШВАР АЗ ҶОНИБИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ.

СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲОИ КИШВАР АЗ ҶОНИБИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ.

        Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, давоми рӯзҳои  12-14 ноябри соли равон бо иштироки масъулони дахлдори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои кишвар чорабинии машваратӣ - омӯзишӣ дар мавзӯи "Баррасии масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид, ки дар оғози он роҳбарияти Саридора иштирок ва суханронӣ намуд.

       Зикр гардид, ки курси такмили ихтисос барои кормандони мақомоти болозикр давоми се рӯз, аз 12 то 14 ноябри соли 2025 идома ёфта, дар он ба иштирокчиён вобаста ба мавзуъҳои мубрами соҳа, масъалаҳои марбут ба фаъолият, роҳҳои ҳифзи техникии иттилоот ва таъмини он мутахассисони соҳа дарс мегӯянд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо