Monday, 7 October 2024

 

МАЪЛУМОТНОМА ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ, СЕРТИФИКАТСИЯ ВА ЭКСПЕРТИЗА»-И САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

 

      КВД «Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза» -и Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгўи хизматрасониҳои худро дар самти ҳифзи техникии иттилоот ва имзои электронии рақамӣ пешниҳод менамояд.

 

Санҷиши махсуси сертификатсионӣ, аттестатсия ва экспертиза

      КВД «Марказ» дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар объектҳои иттилоотонӣ ва комуникатсионӣ хизматрасониҳои марбут ба экспертиза ва сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот, сертификатсияи комплексҳои барномавию таҷҳизотиро ба анҷом мерасонад.

      Хизматрасонии мазкур аз санҷиши тамоми воситаҳои техникӣ, ҷаъмоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, захира ва нобудкунии иттилоот, санҷиши шабакаҳои муҳандисӣ, асбобҳои маишӣ, воситаҳои техникии коркарди иттилоот дар дохили бино иборат мебошад.

      Ҳамзамон, ҳангоми лоиҳакашии корҳои сохтмонии объектҳои махсусан муҳим, техникаи махсус, технологияҳои пешқадам, системаҳои идоракунии автоматӣ, шабакаҳои компютерӣ ва системаи алоқа аз ҷониби КВД «Марказ» корҳои экспертӣ гузаронида мешаванд.

      Санҷиши махсус вобаста ба ҳифзи иттилоот аз ихроҷшавӣ тавассути каналҳои техникӣ бо роҳҳои зерин амалӣ мегарданд:

- ҷиҳати ошкор намудани ҳама гуна сигналҳои паразитӣ ва афканишоти электромагнитии ѓайр ва изофӣ (ПЭМИН)

- хаттҳои интиқоли барқ

- каналҳои акустикӣ ва виброакустикӣ

      КВД «Марказ» роҳҳои ҳалли муосир ва самараноки таъмини бехатарии иттилоот ва ташкили системаҳои ҳифзшудаи иттилоотро мутобиқ ба талаботи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

 

Маркази тасдиқкунанда

      Дар КВД «Марказ» маркази тасдиқкунандаи имзои электронии рақамӣ фаъолият намуда, барои ташкили гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва ба ин васила истифодаи имзои электронии рақамӣ мусоидат менамояд, ки барои истифодабарандагон дар самтҳои гуногуни фаъолияти онҳо имконияти васеъ пешниҳод менамояд.

 

Дигар хизматрасониҳо:

- таъмини сомонаҳои расмӣ бо сертификати рамзикунонидашуда (SSL сертификат);

- пешниҳоди сертификати калидҳои кушода;

- муҳофизати сертификати калидҳои марказ;

- санҷиши шабакаҳои коркарди иттилоот;

- бозомўзӣ, такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо;

- барои истеъмолкунандагон харидорӣ ва таъмин намудани таҷҳизотҳо ва барномаҳои махсуси ҳифзи иттилоот;

- фаъолияти намояндагии тиҷоратӣ, миёнаравӣ ва комиссионӣ.

      Иҷрои корҳо аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба бо истифодаи таҷҳизотҳои муосир ва таъминоти барномавӣ  ба роҳ монда мешаванд. Дар КВД «Марказ» лабораторияи муосир бо таҷҳизотҳои санҷишию озмоишӣ фаъолият менамояд, ки ҳамаи таҷҳизотҳои мазкур ба стандартҳои давлатӣ ҷавобгў мебошанд.

      Арзиши тамоми хизматрасониҳои КВД «Марказ» дар нархномаи он, ки бо Хадамоти давлатии зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, пешбинӣ гардидаанд.