Thursday, 21 November 2024

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пойтахт – шаҳри Душанбе

Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҷанубу шарқии Осиёи Миёна қарор дорад.

Масоҳат – 142 326 км²

Аҳолӣ - 9,5 млн. нафар

Асъори  миллӣ - сомонӣ

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1322,9 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (987 км), дар шарқ бо Чин (494,95 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1344,15 км) марзи муштарак дорад. Кишвари кӯҳсор ва пурбориш буда, манобеи азими об ва канданиҳои фоиданок дорад.  Кишвар ба дарёҳои озод дастрасӣ надорад.

93 фоизи қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил намуда, ҳамагӣ 7 фоизи он ҳамворӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон яке аз баландтарин қуллаҳои ҷаҳон (Қуллаи Исмоили Сомонӣ - 7495м.) ҷойгир аст.

Дар шимоли Тоҷикистон водии Фарғона, дар шимолу ғарб ва дар қисми марказии он қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Туркистон ва Олой ҷойгиранд.

Дар ҷанубу шарқ Помир (яке аз баландтарин нуқтаҳои олам) ва дар ҷанубу ғарб водиҳои Вахшу Ҳисор ҷой гирифтаанд.

Баландтарин қуллаҳои Тоҷикистон,

баландӣ аз сатҳи баҳр, м:

Қуллаи Исмоили Сомонӣ -  7495

Қуллаи Абӯалӣ Ибни Сино -  7134

Қуллаи Е. Корженевская - 7105

Қуллаи Истиқлол -   6974

Қуллаи Москва -  6785

Қуллаи К. Маркс -  6726

Қуллаи Гармо - 6595

Қуллаи Афсарони Шӯравӣ - 6233

Қуллаи Энгельс - 6510

Қуллаи Вудор - 6132

Қуллаи Музкули Шимолӣ - 6128

Қуллаи Маяковский - 6096

Қуллаи Паххор - 6083

Сарвати бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёву кӯлҳои он мебошанд. Дарозии 947 дарё дар ин кишвар зиёда аз 28 500 километрро ташкил медиҳад, ки ин ҳудуди 60 фоизи захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ мебошад.

Дарозтарин дарёҳои Тоҷикистон

(масоҳати ҷоришавии онҳо бо километр дар қаламрави Тоҷикистон)

Панҷ - 921

Амударё -  65

Сирдарё - 185

Зарафшон - 306

Бартанг-Мурғоб - 491

Вахш - 524

Кофарниҳон -  387

Ғунд -  296

Дар қисми баладкӯҳҳои Тоҷикистон захираи бузурги барфу ях мавҷуд аст. Масоҳати умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки шумораашон ба беш аз ҳазор мерасад, 8476 километри мураббаъро ташкил медиҳад. 16 пирях дарозии зиёда аз 16-километра доранд, аз он ҷумла пиряхи Федченко ва Грумм-Гржимайло.

Бузургтарин пиряхҳои Тоҷикистон:

Ном               масоҳат, км 2        ҳаҷми ях, км 3             

Федченко       156,0                    93,6

Гармо           114,6           ---               
 
Витковский     50,2                     6,887

АИ ИҶШС      48,0                     5,242      

Наливкин       45,2                      8,588   

Бивачий          37,0                      8,05

Грумм-Гржимайло    37,0        19,84

 
Дар Тоҷикистон зиёда аз 1300 кӯл бо масоҳати 705 километри мураббаъ ҷойгир аст, ки калонтаринашон Қарокӯл, Сарез ва Яшикул мебошанд. Асосан, кӯлҳои Тоҷикистон дар баландии зиёда аз 3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд.

Кӯлҳои калонтарини Тоҷикистон:

(масоҳат, км2)

Қарокӯл    -        380,0

Сарез        -        79,64

Зоркӯл      -        38,9

Яшилкӯл   -       38,0

Шоркӯл    -        16,3


Обанборҳои калонтарини Тоҷикистон:

Ном                              масоҳат, км2                      ҳаҷми об, млн.м3

Қайроқум                         520,0                                         4 160

Норак                              106,0                                        10 500

Замин, олами ҳайвонот ва набототи Тоҷикистон гуногун, ҳосилхез ва дорои қобилияти болост. Ҷангалзорҳои Тоҷикистон саршор аз дарахтони худрӯи мевадор ва ҳазорон намуди растаниҳост, ки аз тарафи аҳолӣ фаровон истифода мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 80 намуди ширхӯрҳо, зиёда аз 365 намуди паррандаҳо, 49 намуди хазандаҳо, қариб 40 намуди моҳӣ, зиёда аз 10 ҳазор намуди ҳашарот мавҷуданд. Дар ин ҷо паланги барфӣ, силовсин,  хирс, гург, рӯбоҳ, савсор, оҳу ва архарҳо (гӯсфанди кӯҳӣ) зиндагӣ мекунанд.

Айни замон дар Тоҷикистон 4 мамнӯъгоҳ (“Бешаи палангон”, “Ромит”, “Дашти Ҷум”, “Зоркӯл”), 13 парваришгоҳ ва Боғи миллӣ вуҷуд дорад, ки масоҳати умумии онҳо 21 фоизи қаламрави Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Тоҷикистон сарватҳои зеризаминии бисёр дорад. Айни замон беш аз 400 кон шинохта шуда ва қариб 100 кон фаъолият дорад, ки дар онҳо то 40 навъи ашёи хоми минералӣ, аз қабили  сӯзишворӣ,  маъданӣ (қариб 10 фоиз) ва ғайримаъданӣ (қариб 90 фоиз) истихроҷ ва коркард мешавад. Тоҷикистон аз назари захираи ангишт дар минтақа мақоми пешсаф  дорад. Захираи умумии геологӣ дар ин бахш қариб 4,0 миллиард тоннаро ташкил медиҳанд. Дар қаламрави Тоҷикистон захираи боӣ полихимикӣ, сангҳои қиматбаҳо, металҳои нодир, аз қабили руҳ, сурб, висмут, молибден, волфрам, тилло, нуқра, сурма, симоб, газ ва нафт ҷойгиранд.

Зарфияти кишоварзии Тоҷикистон (ҳазор га)

майдони заминҳои корам - 864,4

масоҳати заминҳои обёришаванда - 592,3

майдони кишт, ҳамагӣ - 900,2

зироати лӯбиёӣ - 401,9

зироати техникӣ, ҳамагӣ  - 294

пахта -  262,9

картошка - 27,9

сабзавот - 35,8