Monday, 7 October 2024

Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи

сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот

 

      Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузург дар таърихи навини халқи тољик маҳсуб меёбад. Он барои мардуми Тоҷикистон беҳтарин ва муқаддастарин неъмат буда, моҳияти таърихии он заминаи рушду нумӯи иқтисодиёт, ҳуқуқ, сиёсат, фарҳанг, илм ва соҳаҳои мухталифи ҷомеа аст.

      Дар ҳақиқат Истиқлолият поягузори оғози таърихи навин ва сарнавиштсози таърихи тоҷикон мебошад. Маҳз бо шарофати Истиқлолият 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он ғояҳои пешқадами ҷамъиятию сиёсӣ, усулҳои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, гуногунандешии сиёсию идеологиро дар худ таҷассум намуд.

      Дар ин давра яке аз талаботи асосӣ барои гузариш ба сохти нави ҷамъиятӣ ин дарёфти муносибатҳои нав ҷиҳати ҳалли проблемаҳои амнияти миллӣ ва ҳифзи сирри давлатӣ буд.

      Бинобар ин дар моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   пешбинӣ гардид, ки “Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд қонун муайян мекунад”.

      Дар асоси ин меъёри Конститутсия 14 декабри соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи сирри давлатӣ” қабул гардид, ки он замина ва меъёри асосии ҳуқуқӣ  барои ҳифзи сирри давлатӣ гардид. Дар ин замина аввалин маротиба бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 1997 таҳти №198 Сарраёсати оид ба масъалаҳои сирри далатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

      Дар робита ба ин, Низомномаи Сарраёсати оид ба масъалаҳои сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсуси давлатии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи таъмини ҳифзи сирри далатӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 1999 таҳти рақами 1148 тасдиқ карда шуд.

      Давраи ҳозираи рушди ҷамъият бо ҷорӣ намудани воситаҳои нави иттилоотӣ, алоқа, техника ва технологияҳои иттилоотӣ асос меёбад. Тавассути ҳамин техника ва технологияҳо иттилоот яке аз омилҳои асосӣ гардида, метавонад ба ҳама самтҳои асосии амнияти миллӣ таъсири худро расонад. Бинобар ин, дар сатҳи байналмилалӣ иттилоот ҳамчун қисмати зарурии мусосибатҳои иҷтимоӣ яке аз қиматтарин мол дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, мушкилоти ҳифзи он дар ҷумҳурӣ ба миён омад.

      Бо назардошти ин  аз 5 августи соли 2003 Сарраёсати оид ба масъалаҳои сирри далатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав  Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  номгузорӣ шуда, вазифаи ҳифзи техникии иттилоот  ба уҳдаи он гузошта шуд.

      Дар доираи таҷдиди минбаъдаи сохтори давлатӣ аз 28 декабри соли 2006 ин Сарраёсат ҳамчун Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шуда, то имрӯз сиёсати давлатиро дар самтҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот  амалӣ менамояд.

      Аввалин роҳбарии Саридораро солҳои 1997 – 2006 Зоиров Амин Аҳрорович ба уҳда дошта, минбаъд солҳои 2006 – 2016 Саридораро генерал – полковник Зуҳуров Сайдамир ва солҳои 2016 – 2020 генерал- полковник Абдураҳимов Хайриддин Саидович роҳбарӣ намудаанд.

      Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2020, №591 ба вазифаи сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам таъин гардидааст.