Saturday, 1 March 2025

Sardor

САРДОРИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ШЕРАЛӢ МИРЗО
 

Генерал – полковник Шералӣ Мирзо аз 23 январи соли 2025 дар вазифаи сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

 

     24 майи соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, оиладор, маълумоташ олии ҳарбӣ, хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии фармондеҳӣ – муҳандисии қӯшунҳои ракетии шаҳри Перми Федератсияи Россия ва Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия аз рӯйи ихтисосҳои “Ракетаҳои стратегӣ ва таҷҳизотҳои парвозӣ ва ба онҳо монанд” ва “Идоракунии қисму воҳидҳо ва қӯшунҳо” буда, бо мукофотҳои давлатии ордени “Шараф” дараҷаи 1, ордени “Спитамен”, ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи 2, медали ҷашнии “20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.
 
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 1984 – 1989 - курсанти Омӯзишгоҳи олии фармондеҳӣ – муҳандисии қӯшунҳои ракетӣ, шаҳри Перми Федератсияи Россия;
Соли 1989 - муҳандиси зершуъбаи қисми ҳарбии 31925, Федератсияи Россия;
Солҳои 1989 – 1992 - котиби кумитаи комсомоли қисми ҳарбии 54003, Федератсияи Россия;
Солҳои 1992 – 1993 - ёрдамчии сардори қисми истифодабарии техникӣ оиди кор бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 33782;
Солҳои 1993 – 1994 - муовини сардори қисми истифодабарии техникӣ  оиди кор бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 33782;
Соли 1994 - ба ихтиёри вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд;
Солҳои 1994 – 1995 - афсари калони шуъбаи тайёрии қӯшунии Раёсати омодагии ҷангии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 1995 – 1996 - командири Баталиёни 7-уми алоҳидаи тирандози савора;
Соли 1996 – 1997 -  командири Баталиёни 7-уми алоҳидаи тирандози савораи Бригадаи 5-уми тирандози кӯҳӣ;
Соли 1997 - командири Бригадаи зудамали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Колхозобод;
Солҳои 1997 – 2002 - командири Бригадаи 1-уми тирандози савораи Қӯшунҳои хушкигард, ноҳияи Восеъ;
Солҳои 2002 – 2004 - шунавандаи Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия, шаҳри Москва;
Солҳои 2004 – 2005 - сардори ситод – муовини аввали фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
Соли 2005 - муваққатан иҷрокунандаи вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард, шаҳри Душанбе;
Солҳои 2005 – 2006  - муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард, шаҳри Душанбе;
Солҳои 2006 – 2013 - фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
Солҳои 2013 – 2025 - вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
Аз 23 январи соли 2025 то инҷониб – сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.