
КУРСИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ МАСЪУЛОНИ МАҚОМИ НИЗОМИ МАХФИЯТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДОИР ГАРДИД
Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 рӯзҳои 24 - 26 декабри соли равон курси омӯзишӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо” барои масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон доир карда шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи касбӣ, мукаммал намудани донишҳои соҳавӣ ва баратараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти масъулони МНМ бо дарёфти роҳҳои ҳал роҳандозӣ гардида, дар он 30 нафар масъулон иштирок намуданд.
Дар оғоз намояндаи Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Раҷабзода Э. Р. ва Салимзода С.А. бо иштирокчиён мулоқот намуда, иброз дошт, ки дар солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, махсусан таваҷҷуҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкили инфрасохтори соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш маҳдуд таҳким ёфта, шароити фаъолият дар ин самт ба талаботи замони муосир мутобиқ кунонида шуда истодааст.
Курси мазкур давоми 3 рӯз идома ёфта, мутахассисони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар шакли лексия-мубоҳиса, машғулиятҳои амалӣ ва намоиши воситаҳои техникии Саридора ба ширкаткунандагон дарс гуфтанд.
Масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи соҳа дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир, роҳҳои беҳтар ва самарабахши таҳкими назорати соҳавӣ, чораҳои пешгирии ихроҷи иттилоот дар ҷараёни татбиқи ҳукумати электронӣ, ҷанбаҳои илмии ҳифзи иттилоот дар замони муосир ва дигар мушкилоти ҳалталаби соҳа баррасӣ ва баҳри дарёфти роҳҳои афзалиятноки ҳалли онҳо таклифҳои мушаххас манзур гардиданд.
Дар идома иштирокдорон вобаста ба мавзуъҳои дахлдор ва дар доираи фаъолияти кории худ саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Пас аз фарҷоми курс бо иштирокчиён донишсанҷӣ аз натиҷаи соатҳои таълимии доиргардида гузаронида шуда, дар ҷамъбаст бо гувоҳнома сарфароз гардиданд.