Saturday, 1 March 2025
ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 32 - СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 32 - СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 21 феврали соли 2025 дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32 - солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он сардори Саридора генерал - полковник Шералӣ Мирзо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсии Саридора иштирок намуданд.


Сардори Саридора муҳтарам Шералӣ Мирзо зимни баромади худ ҳозиринро бахшида ба 32- солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, роҷеъ ба таъсис, фаъолият ва дастовардҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шоҳсутуни давлати соҳибистиқлоли мо маҳсуб меёбад, ибрози андеша намуд.

Зикр гардид, ки тӯли 32 сол мешавад бо талошҳои пайваста, нерӯи муқтадиру шикастнопазир ва тавассути сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон новобаста аз шароити ниҳоят ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии замони муосир бо устуворию фидокориҳои ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар Тоҷикистони биҳиштосо сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ ва фазои орому осудаи мардум танинандоз аст.

Дар давоми 32 соли таъсис ва фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун ҳомии боэътимоди давлату миллат муаррифӣ шуда, афсарону сарбозони шуҷои Ватан чун родмардони асили меҳан баҳри иҷрои рисолати ҷавонмардонаи худ ҷонфидоиҳо намудаанд.

Ҳамзамон, сардори Саридора дар иртибот ба таҷрибаи андӯхтаи худ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, ҳайати шахсиро барои хизмати софдилонаву содиқона ба ватану миллат даъват намуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби кормандони Саридора маърӯзаҳои баландмазмун доир ба Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат ироа гардида, аз ҷониби сардори Саридора ба чанде аз кормандони фаъол медали ҷашнии 30 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо