
РОҲАНДОЗИИ СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 семинар - машварати омӯзишӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дахлдори Вазорат доир гардид.
Семинар – машварати омӯзишӣ санаи 13 феврали соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани донишҳои соҳавии кормандони дахлдор, рушди савияи касбӣ, омӯзиши қонунгузории соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот баргузор гардида, дар он зиёда аз 20 нафар кормандони дахлдор ширкат намуданд.
Зимни баргузории семинари мазкур масъалаҳои ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” мавриди омӯзиш қарор дода шуд.