
БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 5 майи соли 2025 кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хошияи ҷашни касбӣ, ки ҳамасола 6 - май ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ таҷлил карда мешавад, зери роҳбарии Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дидан намуданд.
Зимни боздид роҳбалади осорхона иттилоъ дод, ки Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ба ифтихори таҷлили 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо иштироки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 апрели соли равон ифтитоҳ шудааст, аз 15 бахш иборат буда, ҳуҷҷатҳои таърихии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишварро, ки аз барномаҳои пешазинтихобии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маншаъ мегирад, инъикос менамояд.
Баъд аз боздид аз осорхона, бо иштироки муовини якуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо дар вазъияти тантанавӣ ба нафароне, ки нав ба сафи ҳизб дохил гардидаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуда, ба фаъолони соҳа сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим гардид.