Tuesday, 22 October 2024
СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР САМТИ ҚОНУНГУЗОРИИ СОҲА ДАР ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР САМТИ ҚОНУНГУЗОРИИ СОҲА ДАР ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, санаи 28 феврали соли 2024 аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ семинар - машварати омӯзишӣ барои сардорону кормандони котиботи сохторҳои Вазорат ва шахсони дорои рухсат ба сирри давлатӣ дар самти омӯзиши талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони ваколатдори Саридора ва беш аз 100 нафар шахсони масъул ва кормандони дахлдори сохторҳои Вазорат иштирок намуданд. 

Зимни баргузорӣ масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла роҳҳои беҳтар ва самарабахши таҳкими назорати соҳавӣ, роҳҳои илмиву амалии рушди техникии иттилоот, инчунин талаботи Дастурамали тадбирҳои дохилиидоравии ҳифзи иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ва дигар чорабиниҳои гуногуни марбут ба фаъолияти корӣ баррасӣ ва матраҳ карда шуданд.

Дар идома иштирокдорон вобаста ба мавзуъҳои дахлдор ва дар доираи фаъолияти кории худ суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо