Saturday, 7 December 2024
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ МИНТАҚАВӢ ДАР САМТИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ  ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ МИНТАҚАВӢ ДАР САМТИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Санаи 27 феврали соли 2024 дар толори Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар вилояти Хатлон конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот” дар вилояти Хатлон доир карда шуд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар кори он роҳбарияти Саридора, роҳбарону намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилоятӣ, масъулони мақоми низоми махфият ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Конфронси минтақавӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар кишвар, дарки муҳиммият ва нозукиҳои ин самти фаъолият, баланд бардоштани савияи касбии масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, пайдо намудани роҳҳои бартарафсозии камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти онҳо ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар кишвар дар доираи Барномаи давлатии тањкими њифзи сирри давлатї ва њифзи техникии иттилоот дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2022-2026, доир карда шуд.

Пеш аз оғози конфронс намоиши воситаҳои техникии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ барои иштирокчиён дар маърази тамошо гузошта шуда, доир ба функсия ва вазифаҳои онҳо маълумоти мушаххас манзур карда шуд.

Дар ҷараёни баргузории конфронс доир ба масъалаҳои омода кардани кадрҳои соҳа, такмили савияи касбии кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, таъминоти моддию техникии соҳа бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Бо дарназардошти рушди техника ва технологияи муосир, роҳандозӣ гардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ, баррасии масъалаҳои ҳифзи иттилоот аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлил ва корбарии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Ҳамзамон бо ин, масъалаҳои ҳифзи боэътимоди иттилооти дастрасиаш маҳдуд баррасӣ шуда, доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти техникию инфрасохторӣ ва таъминоти кадрӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо