Friday, 27 June 2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ ОМОДАГИИ ҶАНГӢ БО КОРМАНДОНИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ ОМОДАГИИ ҶАНГӢ БО КОРМАНДОНИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

   Дар заминаи дастгириву таваҷҷуҳи пайваста ва пайгирӣ аз сиёсати дурандешонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ санаи 28 майи соли 2025 дар тамрингоҳи ҳарбии “Фахробод”-и вилояти Хатлон бо ҷалби кормандони дастгоҳи марказӣ, мақомоти ҳудудӣ ва КВД “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза”- и Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти мухталифи амалии саҳроӣ ва тайёрии оташнишонӣ баргузор гардид.

   Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои ҳарбии кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо ҷалби мутахассиссони соҳавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

  Тибқи талаботи доимӣ ва дар асоси меъёрҳои истифодабарии аслиҳаҳои ҷангӣ, сараввал ҳайати шахсӣ  бо қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо силоҳ дар вақти машғулияти амалӣ шинос карда шуданд. Сипас, ҳайати шахсии ҷалбгардида ба машғулиятҳои амалии санҷишӣ ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, дар нуқтаҳои таълимии муайянгардида бо истифода аз якчанд намуди силоҳи оташфишон тирпарронӣ доир намуданд.

   Воқеан, омодагии сатҳи баланд дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан аз истифодаи моҳиронаи силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, техникаву таҷҳизотҳои махсуси низомӣ ва дигар воситаҳои ҳарбӣ вобастагии зич дошта, аз марзбонон ва афсарони миллат маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо