БАРОИ НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАТБУОТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДОИР ГАРДИД
Бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ифшои сирри давлатӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма бо иштироки масъулини дахлдор санаи 16 январи соли 2024, дар шаҳри Бохтар семинар – машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Пешгирии ҳолатҳои ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” доир карда шуд.
Дар семинари мазкур намояндагони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма ва матбуоти вилоят иштирок намуданд.
Дар рафти чорабини иттилоъ дода шуд, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди доираи васеи салоҳият ва ҳуқуқу озодиҳои барои воситаҳои ахбори омма, инчунин масъулияти мушаххасро барои мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ будани маводи чопшуда, махсусан пешгирии ифшои иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар онҳо пешбинӣ намудааст, ки албатта, аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ин самт сарчашма мегирад.
Мақсад аз баргузории семинар - машварати мазкур қабл аз ҳама якҷо бо масъулини воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додани меъёрҳои қонунгузории соҳа, муҳокима намудани мушкилоти дар ин соҳа мавҷуда ва дарёфти роҳҳои ҳалли он арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ мутахассисони соҳа доир ба нозукиҳои пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, тартиби дурусти ташхиси маводи омодашуда қабл аз чопи онҳо, инчунин тадбирҳои ҷавобгарии қонунӣ зимни ифшои сирри давлатӣ дар маводи чопӣ андешаронӣ намуданд.
Яке аз роҳҳои афзалиятноки пешгирии ишфои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ин баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ ва тибқи талаботи қонунгузорӣ сари вақт ба мақомоти ваколатдори давлатӣ расонидани нусхаҳои ройгони маводҳои чопӣ шуморида шуда, мушкилиҳои ин самти фаъолият баррасӣ гардиданд.
Дар охири семинар – машварат ба иштирокчиён санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин самти фаъолият ва дигар маводи зарурӣ дастрас карда шуда, тасмим гирифта шуд, ки робитаи байни Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо масъулини матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоят баҳри мақсаднок амалӣ намудани фаъолият тақвият бахшида шавад.