Monday, 7 October 2024
БАРГУЗОРИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ КОРМАНДОНИ СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

БАРГУЗОРИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ КОРМАНДОНИ СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

Дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ рӯзҳои 26 - 28 сентябри соли равон курси такмили ихтисос дар мавзӯи “Таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” барои масъулони мақоми низоми махфият ва кормандони сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи касбӣ, рушди донишҳои соҳавӣ ва баратараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти масъулони МНМ бо дарёфти роҳҳои ҳал роҳандозӣ гардида, дар он 27 нафар кормандони сохторҳои Вазорат иштирок намуданд.

Дар оғоз Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам бо иштирокчиён мулоқот намуда, иброз дошт, ки дар солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, махсусан таваҷҷуҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкили инфрасохтори соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш маҳдуд таҳким ёфта, шароити фаъолият дар ин самт ба талаботи замони муосир мутобиқ кунонида шуда истодааст.

Курси такмили ихтисос давоми 3 рӯз идома ёфта, мутахассисони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар шакли лексия-мубоҳиса, машғулиятҳои амалӣ ва намоиши воситаҳои техникии Саридора ба ширкаткунандагон дарс гуфтанд.

Масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи соҳа дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир, роҳҳои беҳтар ва самарабахши таҳкими назорати соҳавӣ, чораҳои пешгирии ихроҷи иттилоот дар ҷараёни татбиқи ҳукумати электронӣ, ҷанбаҳои илмии ҳифзи иттилоот дар замони муосир ва дигар мушкилоти ҳалталаби соҳа баррасӣ ва баҳри дарёфти роҳҳои афзалиятноки ҳалли онҳо таклифҳои мушаххас манзур гардиданд.

Дар идома иштирокдорон вобаста ба мавзуъҳои дахлдор ва дар доираи фаъолияти кории худ суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар ҷамъбасти курси такмили ихтисос иштирокчиён бо Сертификат сарфароз гардиданд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо