Tuesday, 28 October 2025
Конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи “Таҳкими соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор г

Конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи “Таҳкими соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор г

       Санаи 21 октябри соли 2025, дар шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи минтақавӣ ва курси сайёри омӯзишӣ дар мавзӯи “Таҳкими соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир карда шуд.

       Чорабиниҳои мазкур дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 қабул гардидааст, роҳандозӣ шуда, дар кори он муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Шарифзода Фируз Бобоназар, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисон ва муовининони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, низомӣ ва ҳарбӣ ва кормандони дахлдори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилоят иштирок намуданд.

     Дар чорабинҳои мазкур масъалаҳои муҳими марбут ба соҳаи ҳифзи иттилооти дастрасиаш маҳдуд ва ҳифзи техникии иттилоот баррасӣ карда шуданд.

     Зимни баргузории конфронс ва курси сайёр зикр гардид, ки ин самти фаъолият дар замони соҳибистиқлолӣ давра ба давра ташаккул ёфта, бо таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохториаш ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда истодааст.

      Риояи бечунучарои талаботи қонунгузории соҳа, ташаккул додани сиёсати дохилиидоравии ҳифзи техникии иттилоот ва назорати пайвастаи амалигардонии он, тақсимоти дурусту босамари вазифаҳо байни кормандон, истифода аз воситаҳои техникии ҳифз ва коркарди иттилоот, инчунин омӯзиши таҷрибаи пешрафта ва истифодаи он дар фаъолияти рӯзмара мувофиқи мақсад дониста шуд.

      Ҳамзамон бо ин, масъалаҳои ҳифзи боэътимоди иттилооти дастрасиаш маҳдуд баррасӣ шуда, доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти техникию инфрасохторӣ ва таъминоти кадрӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.