Friday, 9 May 2025
Таҷлили Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ

Таҷлили Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ

       Маврид ба зикр аст, ки дар шароити имрӯза самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, пайваста зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

       Бо дастгириҳои беназир ва иқдомҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 24 декабри соли 2022, №1935 тағйирот ворид гардида, дар асоси он ҳамасола 6 май ҳамчун “Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ” таҷлил карда мешавад.

        Дар робита ба рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ санаи 6 майи соли 2025 дар дастгоҳи марказии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ зери роҳбарии сардори Саридора Шералӣ Мирзо ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

        Сардори Саридора зимни баромад махсусан иброз доштанд, ки дар як марҳилаи кӯтоҳ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Саридора ба сатҳу сифати амалигардонии сиёсати соҳа мусоидат карда, таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарияти вазорату идораҳоро ба ин самти корӣ тақвият, мақому манзалати низоми махфиятро таҳким ва сифатнокии пешбурди коргузории махфиро таъмин намуд.

        Зимнан, дарҷ гардид, ки бо мақсади сифатнок амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва таҳти танзими фарогири ҳуқуқӣ қарор додани тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот маҷмӯи мукаммали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тавсиб расида, ин ҷараён то ҳанӯз идома дорад.

         Дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ як қатор кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаҳои фахрӣ ва сипосномаҳои Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллӣ ва дигар вазорату идораҳои қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, дар ҳошияи иди касбӣ як қатор масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки фаъолияти назарраси соҳавӣ ва нишондиҳандаҳои бараълои касбӣ доранд аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо сипосномаҳои соҳавӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

         Сардори Саридора кулли кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатиро бо рӯзи касбиашон табрик гуфта, дар фарҷом зикр намуданд, ки Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тақвияти пайвастаи соҳа бо ҳамгироии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо чораҷӯӣ менамояд.