
Машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)”
Санаи 23 сентябри соли 2025 дар бинои Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин бо ҳайати шахсии кормандони дастгоҳи марказӣ ва КВД “Марказ”-и Саридора машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.
Машғулият дар мавзӯи “Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” бахшида шуда, ҳадафи асосии он иҷрои сархати 1 банди 3 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ‹‹Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025›› аз 3 августи соли 2021, №222 ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандон дар самти шиносоӣ, арзёбӣ ва пешгирии хавфҳои эҳтимолии коррупсионӣ дар раванди фаъолияти хизматӣ мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ намояндаи Агентӣ Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин доир ба самтҳои асосии Стратегияи муқовимат бо коррупсия, аҳамияти таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва истифодаи методологияи муосир дар арзёбии хавфҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таҷрибаи амалии мубориза бо коррупсияро мисол овард.
Иштирокчиён бо тарзу усулҳои муайянсозии нуқтаҳои осебпазир ба хавфҳои коррупсионӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои коҳиш додани ин хавфҳо шинос гардиданд.
Қайд гардид, ки таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳии баланд дар фаъолияти сохторҳои давлатӣ омили муҳими паст намудани хатари амалҳои коррупсионӣ ба ҳисоб меравад. Дар интиҳои чорабинӣ иштирокчиён ба саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои фаъолона ҷалб гардида, пешниҳодҳои муфид ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани самтҳои фаъолият баён доштанд.
Баргузории чунин машғулиятҳо барои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ ва рушди малакаҳои таҳлили хавфҳо дар байни кормандони сохторҳои давлатӣ саҳми назаррас доранд.