Saturday, 19 April 2025

Ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ

Ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ

      Санаи 9 апрели соли 2025 дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбаст ва натиҷагирии фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2025 зери роҳбарии сардори Саридора, муҳтарам Шералӣ Мирзо баргузор гардид.

       Дар ҷараёни баргузории ҷаласа сардори Саридора – раиси Ҳайати мушовараи Саридора ҳисоботҳои муовини якум ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти ҳудудии Саридораро шунида, фаъолияти онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

        Қайд карда шуд, ки фаъолияти Саридора дар нимсолаи якуми соли 2025 дар доираи амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳайати мушовара ва нақшаи кори Саридора ба роҳ монда шуда, бо натиҷагирӣ ва такя ба таҳлилҳои ҷойдошта фаъолияти Саридора дар семоҳаи аввали соли 2025-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. 

        Дар фарҷом сардори Саридора муҳтарам Шералӣ Мирзо баҳри тақвияти фаъолият ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дурномаи соҳаро муайян ва супоришҳои мушаххасро баён доштанд.