Friday, 17 October 2025
“ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАДБИРҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ ОН

“ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАДБИРҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ ОН"

Дар асоси Нақшаи ҷадвали ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, ки ҳамасола бо мақсади такмили қобилият ва малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатӣ ташкил карда мешавад, 22 сентябри  соли 2025 курси навбатии такмили ихтисос барои роҳбарони дастгоҳи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи Идоракунии давлатӣ дар замони муосир”  оғоз гардид

Дар ифтитоҳи расмии курси мазкур - мубоҳисаи Одиназода Исмоил Мирзомиддин – муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои амалигардонии он” дар доираи курси такмили ихтисос барои роҳбарони дастгоҳи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи Идоракунии давлатӣ дар замони муосир баргузор гардид.

Муовини сардори Саридора зимни лексия-суҳбат тамоми масъалаҳои марбут ба сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоотро матраҳ намуда, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоотро бо рӯнамо ва модули таълимӣ шарҳ дод.