Wednesday, 23 October 2024
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШИВУ ФАРҲАНГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОНИ ВМКБ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШИВУ ФАРҲАНГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОНИ ВМКБ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 12 июни соли равон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангӣ ва майдончаи варзишии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ доир гардиданд.

 

Чорабиниҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои волейбол, баскетбол, футбол, тенниси рӯйи миз, шашкаву шоҳмот ва гуштин бо ҷалби васеи ҷавонону наврасон, варзишгарону дӯстдорони варзиш бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии миллат, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллии онҳо  ташкил карда шуд.

 

Ҷавонону варзишгарон байни худ мусобиқа намуда, ғолибону иштирокчиён бо туҳфаҳои омоданамудаи Саридора ва дигар лавозимоти варзишӣ аз ҷумла, тӯби волейболу футбол, шашкаву шоҳмот, тӯр барои теннису волейбол ва ғайраҳо қадрдонӣ гардиданд.  

Хабарҳои муҳим барои Шумо