БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ САРИДОРА ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024
Санаи 8-уми июли соли 2024 дар толори дастгоҳи марказии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Саридора Аҳтам Абдуллозода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҷонибек, муовинон, роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказӣ, мақомоти ҳудудӣ ва КВД "Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза"-и Саридора ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Саридора дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардида, фаъолияти Саридора дар нимсолаи якуми соли 2024 натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда шуд.