Saturday, 7 December 2024
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ МИНТАҚАВӢ ДАР МАВЗӮИ “ТАҲКИМИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲО” ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ МИНТАҚАВӢ ДАР МАВЗӮИ “ТАҲКИМИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲО” ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Санаи 13 июни соли 2024, дар шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи “Таҳкими соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир карда шуд.

Чорабинии мазкур дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 қабул гардидааст, роҳандозӣ шуда, дар кори он сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раисон ва муовининои шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, низомӣ ва ҳарбӣ ва кормандони дахлдори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилоятиштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои муҳими марбут ба соҳаи ҳифзи иттилооти дастрасиаш маҳдуд ва ҳифзи техникии иттилоот баррасӣ карда шуданд.

Зимни баргузории конфронс зикр гардид, ки ин самти фаъолият дар замони соҳибистиқлолӣ давра ба давра ташаккул ёфта, бо таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохториаш ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда истодааст.

Риояи бечнучарои талаботи қонунгузории соҳа, ташаккул додани сиёсати дохилиидоравии ҳифзи иттилоот ва назорати пайвастаи амалигардонии он, тақсимоти дурусту босамари вазифаҳо байни кормандон, истифода аз воситаҳои техникии ҳифз ва коркарди иттилоот, инчунин омӯзиши таҷрибаи пешрафта ва истифодаи он дар фаъолияти рӯзмара мувофиқи мақсад дониста шуд.

Ҳамзамон бо ин, масъалаҳои ҳифзи боэътимоди иттилооти дастрасиаш маҳдуд баррасӣ шуда, доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти техникию инфрасохторӣ ва таъминоти кадрӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо