БАРГУЗОРИИ КУРСИ САЙЁРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ “МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН: КАМБУДИҲОИ ҶОЙДОШТА ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН”
Бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон курси сайёри омӯзишӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон: камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он” бо иштироки беш аз 30 нафар роҳбарони дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулони мақоми низоми махфият ва дигар шахсони масъул доир карда шуд.
Чорабинии мазкур дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 қабул гардидааст, роҳандозӣ шуда, давоми рӯзҳои 12-14 июни соли 2024 идома меёбад.
Курси сайёри омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи касбӣ, рушди донишҳои соҳавии масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдори вилоят, дарки муҳиммият ва зарурати дуруст ба роҳ мондани коргузории махфӣ ва баррасии масъалаҳои дар самти кории онҳо ҷойдошта доир карда шуда, мутахассисони соҳа тибқи барномаи таълимӣ дар ҳаҷми 16 соат ба шунавандагон дарс мегӯянд.
Лозим ба зикр аст, ки шунавандагони курси омӯзишии мазкур дар фарҷоми чорабинӣ бо гувоҳномаи хатм сарфароз гардонида мешаванд.