Monday, 7 October 2024
КУРСИ САЙЁРИ ОМӮЗИШӢ ВА СЕМИНАР - МАШВАРАТ БАРОИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

КУРСИ САЙЁРИ ОМӮЗИШӢ ВА СЕМИНАР - МАШВАРАТ БАРОИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ рӯзҳои 17 - 19 январи соли 2024 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон курси сайёри омӯзишӣ ва семинар - машварат дар мавзӯи “Таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” барои масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои сохторҳои вилоятӣ доир карда шуд. 

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи касбӣ, рушди донишҳои соҳавӣ ва баратараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти масъулони МНМ бо дарёфти роҳҳои ҳал роҳандозӣ гардида, дар он 27 нафар иштирок намуданд. 

Семинари омӯзишӣ давоми 3 рӯз идома ёфта, мутахассисони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар шакли лексия-мубоҳиса, машғулиятҳои амалӣ ва намоиши воситаҳои техникии Саридора ба ширкаткунандагон дарс гуфтанд. 

Масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи соҳа дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир, роҳҳои беҳтар ва самарабахши таҳкими назорати соҳавӣ, чораҳои пешгирии ихроҷи иттилоот дар ҷараёни татбиқи ҳукумати электронӣ, ҷанбаҳои илмии ҳифзи иттилоот дар замони муосир ва дигар мушкилоти ҳалталаби соҳа баррасӣ ва баҳри дарёфти роҳҳои афзалиятноки ҳалли онҳо таклифҳои мушаххас манзур гардиданд. 

Дар идома иштирокдорон вобаста ба мавзуъҳои дахлдор ва дар доираи фаъолияти кории худ суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. 

Дар ҷамъбасти курси сайёри омӯзишӣ ва семинар - машварат иштирокчиён бо гувоҳномаи Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ сарфароз гардиданд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо