Thursday, 2 January 2025
БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ КОРӢ БО КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ДАХЛДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ КОРӢ БО КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ДАХЛДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, санаи 27 декабри соли равон бо иштироки масъулони дахлдори мақомоти давлатии вилояти Хатлон машварати корӣ бо мақсади расонидани ёрии амалию методӣ, инчунин баррасии камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо баргузор гардид.

 

Дар оғози чорабинӣ намояндаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, роҷеъ  ба масъалаҳои муҳими соҳа ибрози назар карда, зикр дошт, ки бо таваҷҷуҳи хоса ба ин самти муҳими давлатдорӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи касбӣ, рушди донишҳои соҳавӣ ва баратараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти масъулони дахлдори вазорату идораҳои кишвар чунин машваратҳои корӣ ва чорабиниҳои омӯзишӣ аз ҷониби Саридора роҳандозӣ карда мешаванд.

 

Дар идома иштирокдорон вобаста ба мавзуъҳои дахлдор ва дар доираи фаъолияти кории худ суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо