ИФТИТОҲИ “МАРКАЗИ ИНКИШОФИ КӮДАКОНИ “ШАЙДО” ДАР НОҲИЯИ РӮШОН
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои хуштарҳу муосири “Маркази инкишофи кӯдакони “Шайдо”-ро ифтитоҳ намуданд.
Дар ин рӯз хурсандии сокинони ноҳия ва беш аз 120 нафар кӯдакон ҳадду канор надошт, зеро маҳз бо иштироки Сарвари давлат барояшон бинои зебову замонавии 3-ошёнаи Маркази инкишофи кӯдакон ба фаъолият шуруъ намуд.
Маркази таълимии томактабӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Достамбуев Назархудо дар мудати 2 сол бунёд гардида, баҳри татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии кӯдакони синну соли томактабӣ то соли 2030» мусоидат хоҳад кард.
Дар ин марказ кӯдакони аз синни 4 то 6 сола ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо мураббияҳои соҳибтаҷрибаву забондон ҷалб шудаанд.
Таълиму тарбия дар ин ҷо бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ба кӯдакон ҳамчунин забонҳои русиву англисӣ омӯзонида мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ошхона барои зиёда аз 100 нафар, 4 синфхонаи таълимӣ, толори кушоду барҳавои варзишиву мусиқӣ дар ошёнаи сеюм ва майдончаи бозии кӯдакон дар саҳни бино аз имкониятҳои дигари муассисаи мазкур ба шумор меравад.
Дар ошёнаи сеюми бинои навбунёд ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Марказ ҳамчунин дорои ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон ва маъмурияти муассиса, ҳамшираи шафқат ва равоншинос мебошад, ки ба талаботи замон мувофиқ аст.
Сокинони хуштолеи ноҳияи Рӯшон ба Сарвари давлат ҷиҳати таваҷҷӯҳи доимияшон ба соҳибкорон ва дар мавзеи кӯҳӣ фароҳам овардани чунин шароити муосири таълиму тарбияи кӯдакон изҳори сипосу миннатдории самимӣ намуданд.
Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои ин марказ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди чунин як иншооти муосири соҳаи маориф ва илм изҳори сипос намуда, зиёд кардани шумораи чунин марказҳои инкишофи кӯдаконро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.