Saturday, 21 December 2024
СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАРДИД

СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАРДИД

Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, ҳамзамон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” силсила семинар - машваратҳои омӯзишӣ бо кормандони дахлдори вазорату идораҳои кишвар баргузор гардида истодааст.

Дар робита ба ин, санаи 9-уми декабри соли 2024 бо мақсади баланд бардоштани донишҳои соҳавии кормандони дахлдор, рушди савияи касбӣ, омӯзиши қонунгузории соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандон семинар – машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории семинари мазкур масъалаҳои ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” мавриди омӯзиш қарор дода шуда, маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва дастурҳои таълимиву методӣ барои истифодаи хизматии кормандон дастрас карда шуд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо