Monday, 7 October 2024
 СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ “НАЗОРАТИ ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲО: ҲОЛАТ ВА БАРТАРАФ НАМУДАНИ КАМБУДИҲОИ ҶОЙДОШТА

 СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ “НАЗОРАТИ ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲО: ҲОЛАТ ВА БАРТАРАФ НАМУДАНИ КАМБУДИҲОИ ҶОЙДОШТА"

Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, нимаи якуми моҳи январи соли 2024 семинар - машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Назорати таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: ҳолат ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта” барои аъзои комиссияи экспертии Саридора баргузор карда шуд.

 

Дар семинар - машварат 25 нафар кормандони дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохторӣ ва мақомоти ҳудудии Саридора иштирок намуданд.

 

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифатнокии фаъолияти хизматӣ, рушд додани донишҳои соҳавӣ ва малакаи касбӣ доир гардида, масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла мушкилоти дар фаъолияти хизматӣ ба миёномада, махсусан зимни баргузории санҷишҳои соҳавӣ ва ғайраҳо, инчунин роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ гардиданд.

 

Дар охир таъкид гардид, ки ҳайати комиссияи экспертии Саридора дар соли 2024 низ фаъолияти худро тақвият бахшида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар кишвар тамоми чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд. 

Хабарҳои муҳим барои Шумо