МАСЪАЛАҲОИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ДАР МАТБУОТ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Таҳти ин унвон санаи 25 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Ҳадафи ташкил ва баргузории чорабинии болозикр ин омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ, бахусус дар самти пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма буда, дар ҷараёни он масъалаҳои муҳими соҳа вобаста ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар раванди чорабинӣ мутахассисони соҳа ва иштирокчиён оид ба масъалаҳои болозикр табодули афкор намуда, дар қисмати ҷамъбасти чорабинӣ ба иштирокчиён Гувоҳнома супорида шуд.