Thursday, 26 December 2024
ВОБАСТА БА МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ДАР МАТБУОТ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ВОБАСТА БА МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ДАР МАТБУОТ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 19 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» барои рӯзноманигорон дар мавзӯи «Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

 

Дар машварати омӯзишӣ  муҳимтарин масъалаҳои соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва муносибати кормандони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»  ба онҳо  баррасӣ гардида, доир ба ҷаҳонишавӣ ва нақши воситаҳои ахбори омма дар раванди он, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, тадбирҳои қонунӣ ва масъулияти риояи он, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма маърӯза карда шуд.

 

Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур ин омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии пешгирии ифшои маълумоти дастрасиаш маҳдуд дар воситаҳои ахбори омма мебошад.

Хабарҳои муҳим барои Шумо