Wednesday, 30 October 2024
«ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ДАР МАТБУОТ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

«ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ДАР МАТБУОТ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Санаи 25 июли 2024 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишии навбатӣ бо иштироки роҳбарон ва сармуҳаррирони муассисаҳои матбуотии зерсохтори Вазорат дар мавзўи масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситахои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур роҳбарият ва кормандони ин ду сохтори давлатӣ иштирок ва муҳимтарин масъалаҳои ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни семинар-машварати омўзишӣ масъалаҳои  ҳалталаби сари вақт ва ройгон расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо ба мақомоти дахлдор мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар интиҳои чорабинӣ миёни иштирокчиён саволу ҷавоб ва муҳокимарониҳои судманд пешниҳод шуда, баҳри таҳкими ҳамкориҳои тарафайн таклифҳо ироа шуданд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо