Friday, 27 December 2024
РОҲАНДОЗИИ БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ - АДАБӢ, НАМОИШИ МАҲСУЛИ МЕҲНАТИ ҲУНАРМАНДОН, БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАВУ БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ ВА СУҲБАТИ ОЗОДУ ХОТИРМОН БО ҶАВОНОНУ НАВРАСОНИ НОҲИЯИ РӮШОН

РОҲАНДОЗИИ БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ - АДАБӢ, НАМОИШИ МАҲСУЛИ МЕҲНАТИ ҲУНАРМАНДОН, БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАВУ БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ ВА СУҲБАТИ ОЗОДУ ХОТИРМОН БО ҶАВОНОНУ НАВРАСОНИ НОҲИЯИ РӮШОН

Тавре қаблан иттилоъ дода шуд, дар доираи сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Абдуллозода Аҳтам Рустам мусобиқаву бозиҳои варзишӣ бо иштироки ҷавонону наврасони ҳавасманд ва варзишгарони ноҳияи Рӯшон доир карда шуда, иштирокчиёну ғолибони мусобиқаҳо бо туҳфаҳои омоданамудаи Саридора қадрдонӣ гардиданд.

Худи ҳамон рӯз, санаи 12 июни соли равон дар боғи фарҳангии ноҳия чорабинии фарҳангӣ - адабӣ ва намоиши ҳунармандӣ, ки маҳсули дасти модарону бонувони Рӯшонзамин мебошад, баргузор гардид.

Дар доираи барномаи фарҳангӣ мардуми сарбаланду фарҳангдӯстдори ноҳия баҳри болидахотирии сокинон суруду мусиқии дилангез ва рақсу таронаҳои зебои бадахширо пешниҳод намуданд.

Сипас, сардори Саридора аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои варзишӣ ва дигар гӯшаҳои боғ дидан намуда, дар ҳар як гӯшаи алоҳида бо гирандагони стипендияи президентӣ, ҳунармандон, аҳли фарҳанг, ҷавонону наврасон, варзишгарон, маъюбону ятимон, иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” суҳбатҳои озоду самимӣ анҷом дода шуд.

Зимни баргузории суҳбату мулоқот таъкид гардид, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри зиндагии орому осуда, таълиму тадрис ва таъмини шароит барои ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ тамоми имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ин замина, дар раванди баргузории мулоқот мушкилоти сокинон шунида шуда, барои ҳалли масъалаҳои дастрасу имконпазир ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Инчунин, аз ҷониби сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Аҳтам Абдуллозода ба ятимону маъюбон, ҷавонону наврасон, ҳунармандону аҳли фарҳанг ва иштирокчиёни озмунҳои болозикр мукофотпулӣ ва дигар намуди туҳфаҳо супорида шуд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо