Семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар ВАО

Санаи 10 апрели соли 2025 бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки устодон ва донишҷӯён семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар ВАО баргузор карда шуд.
Дар раванди семинар кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки амнияти иттилоотӣ яке сутуни асосии амнияти миллии ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, ба пешрафту таррақиёти он саҳми арзанда мегузорад.
Зимнан, ёдовар гардид, ки дар доираи сиёсати хирадмандона ва дастгирињои пайвастаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон баҳри фаъолияти бонизоми воситаҳои ахбори омма заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дигар шароитҳои созгори корӣ фароҳам оварда шудаанд ва дар ин замина, воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти самарабахши худ баҳри рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши босазо гузошта истодаанд.
Иброз шуд, ки раванди инкишофи технологияи муосир ва дастрасї ба иттилоот вусъати њаррўзаро касб намуда, имрўз фаъолияти љомеаи љањонї аз иттилоот ва технологияњои иттилоотї-коммуникатсионї вобастагии зич дорад.
Дар фарљоми семинар мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.