Tuesday, 22 October 2024
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН МАҚОМИ НИЗОМИ МАХФИЯТ” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2024

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН МАҚОМИ НИЗОМИ МАХФИЯТ” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2024

Аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, санаи 28 августи соли равон бо иштироки масъулони дахлдори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе ва ШНТҶ даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин мақоми низоми махфият” дар соли 2024 баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ тибқи талаботи Низомномаи озмун тартиби баргузорӣ, баҳогузорӣ ва натиҷагирӣ аз озмун ба иштирокчиён фаҳмонида шуд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур ин баланд бардоштани сифатнокии фаъолияти хизматӣ, рушд додани донишҳои соҳавӣ, дарёфт ва ҳавасманд намудани масъулони дахлдоре, ки нишондиҳандаҳои хуби корӣ дошта, фаъолияти дурусту босамарро дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд, доир карда шуд. 

Лозим ба зикр аст, ки ғолибони зердаври якум бо сипосномаи Саридора ва иштирокчиёну ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун бо ҷоми махсус, ифтихорнома, туҳфаҳои моливу пулӣ ва дигар намуди ҳавасмандиҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо