Thursday, 21 November 2024
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 300-СОЛАГИИ МАХДУМҚУЛӢ ФИРОҚӢ ЗЕРИ УНВОНИ “РОБИТАИ ЗАМОНҲО ВА ТАМАДДУНҲО

ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 300-СОЛАГИИ МАХДУМҚУЛӢ ФИРОҚӢ ЗЕРИ УНВОНИ “РОБИТАИ ЗАМОНҲО ВА ТАМАДДУНҲО

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт” иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба робитаҳои дӯстию бародарӣ бо мардуми туркман, ҳамкории аҳли зиё ва гиромидошти шоир ва маорифпарвари маъруфи Туркманистон Махдумқулӣ Фироқӣ, ки бо сарпарастии ЮНЕСКО 300-солагии зодрӯзаш васеъ таҷлил мегардад, андешаронӣ намуданд.

 

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон низ ба солгарди мутафаккири бузург эҳтиром гузоштанд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон баргузор кардани мизҳои мудаввари байналмилалӣ бахшида ба ҳаёту эҷодиёти Фироқӣ, гузоштани пайкараи Махдумқулӣ дар шаҳри Душанбе, номгузории яке аз кӯчаҳои зебои пойтахти кишвар ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлонро нишони возеҳи дӯстӣ ва муносибатҳои созандаи мардумони бародари Тоҷикистону Туркманистон унвон намуданд.

 

Таъкид шуд, ки эҷодиёти шоир бо мероси бузурги адабии тоҷику форс пайванди ногусастанӣ дорад. Аз осори Фироқӣ бармеояд, ки ӯ аз мероси адабии мутафаккирони маъруфи сатҳи ҷаҳонии тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ илҳом гирифтааст. Бисьёр ходимони адабиёт ва тарҷумонҳои шинохтаи тоҷик даҳҳо маҷмуаи осори ӯро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардаанд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мазмуну мундариҷаи эҷодиёти Махдумқулӣ ба монанди ғояҳои инсонпарварӣ, дӯстию бародарӣ ва рафоқат изҳори андеша карда, мероси эҷодии ӯро пули муҳими густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ба ҳам наздик кардани кишварҳову мардумон номиданд.

 

Президент кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳамкории фарҳангӣ ҳамчун омили муассири робитаи миёни миллатҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии мардумон аз иқтидори бузург бархурдор аст.

 

Дар ин замина зарур шумурда шуд, ки кишварҳо бо муносибати эҳтиромона ва таҳаммулгароёна нисбат ба анъанаву арзишҳо ва мероси маънавию фарҳангии ҳамдигар намунаи ибрат бошанд.

 

Гуфта шуд, ки дар ин замина, Тоҷикистон пайваста аз иқдомоти амалии муштарак барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи башариро ҷонибдорӣ мекунад.

 

“Мо минбаъд низ барои рушди ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ бо ҳамаи шарикони худ, аз ҷумла бо Туркманистони бародар талошҳои зарурӣ ба харҷ хоҳем дод”- изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо аз сатҳи сифатан баланди тамоми маҷмӯи муносибатҳои миёни Тоҷикистону Туркманистон, ки хусусияти “шарикии амиқи стратегӣ”-ро касб кардаанд, ёдовар шуда, роҳбарияти олии кишвари дӯстро барои танзими бошукӯҳ ва сатҳи баланди баргузории ин ҳамоиш табрик гуфтанд.

 

Дар Ҳамоиши байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали ҷашнии “300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ” сарфароз гардонида шуданд.