ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАРДИД
Санаи 13 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Комиссияи мазкур ҳамчун мақоми дастаҷамъӣ бо мақсади таҳкими соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар заминаи натиҷагирии тадбирҳои амалӣ ҳамасола ташкил карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд.
Дар ҷаласаи Комиссия муовинони якум ва муовинони роҳбарони вазорату идораҳо, ки аъзои Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ мебошанд, иштирок намуда, паҳлуҳои гуногуни назариявӣ ва илмию амалии таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоотро дар замони муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Комиссия якчанд лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурҳои амалӣ ва методии соҳавӣ, ки ҷиҳати танзими ҳуқуқии масъалаҳои мухталифи соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот таҳия гардидаанд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Ҳамзамон, маҷмӯи санадҳои намунавӣ ва дастурҳои методии аз ҷониби Саридора омода гардида, ба аъзои Комиссия пешниҳод карда шуданд.
Инчунин, доир ба масъалаҳои омода кардани кадрҳои соҳа, такмили савияи касбии кормандон, таъминоти моддию техникӣ ва методии соҳа бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Аз натиҷаи баргузории ҷаласаи Комиссия дар самтҳои сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд ва аз натиҷа қарори дахлдор қабул карда шуда, дар фаъолияти амалии мақомоти давлатӣ ва ташкилот мавриди истифода карор мегиранд.
Дар идомаи ҷаласа, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин мақоми низоми махфият" дар соли 2024, ки дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, натиҷагирӣ карда шуда, 18 нафар масъулони мақоми низоми махфият, ки соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд аз ҷониби сардори Саридораи хифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Комиссия бо ҷом, диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.