Friday, 27 December 2024
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ГУРУҲҲОИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОНИ ВМКБ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ГУРУҲҲОИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОНИ ВМКБ

Санаи 12 июни соли равон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси ноҳияи Рӯшон Аҳмадзода Илҳом Шамол, роҳбарони гуруҳҳои кории дар ҷамоати деҳоти ноҳия вобастгардида, роҳбарону намояндагони сохторҳои ноҳиявӣ, кормандони дахлдори мақомоти марбута  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ҷаласаи васеи корӣ доир гардид. 

 

Лозим ба зикр аст, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат гуруҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар шахсони масъул дар ҷамоати деҳоти Рӯшон, Бартанг, Пастхуф, Савноб, Басид, М. Абдулвосиев ва Н. Додхудоеви ноҳияи Рӯшон ташкил карда шуд.

 

Гуруҳҳои корӣ зимни сафари худ ба ҷамоати деҳоти ноҳия масъалаҳои марбут ба фаъолиятро баррасӣ намуда, бо сокинони онҳо вобаста ба баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ба таҳсил фаро гиритани ҳамаи қишри ҷомеа, махсусан занону ҷавондухтарон, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона, шинонидани дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, баланд бардоштани кишти зироат, сабзу хуррамгардонии ин гӯшаи диёр, ташкили корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ба ин васила омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни умумимиллии 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ, суҳбату мулоқот ва дигар чорабиниҳои оммавиро давоми рӯзҳои 6-12 июни соли ҷорӣ доир намуданд.

 

Инчунин, гуруҳҳои корӣ аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ, сохтмони иншооти ҷашнӣ дар доираи “Нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон”, ҳолати заминҳои кишоварзӣ, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустиву маориф дидан намуда, дар доираи нақшаи алоҳида дар ҳар як ҷамоат бо мақсади баланд бардоштани руҳияи сокинон барномаҳои фарҳангиву адабӣ, чорабиниву мусобиқаҳои варзиширо ташкил ва баргузор карданд.

 

Аз ҷониби Саридора ба ҷавонону наврасон, варзишгарон ва иштирокчиёни мусобиқаҳо лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуд.

 

Намояндаи Ҳукумати мамлакат зимни баргузории ҷаласаи корӣ фаъолияти гуруҳҳои кориро натиҷагирӣ карда, фаъолияти муътадили онҳо давоми ҳафтаи сипаригардида хуб арзёбӣ гардид.

 

Зимнан, ҳолати иҷрои  “Нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон”, раванди иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, иҷрои протоколҳои ҷаласаи қаблӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба масъулон ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани фаъолият ва тақвият бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

Супоришҳои додашуда бо протокол ба расмият дароварда шуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта муҳлат дода шуд.

 

Ҳамзамон, иброз гардид, ки мардуми сарбаланду равшанзамири ноҳияи Рӯшон бо меҳнату заҳмат ва ба роҳ мондани корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷашни бузурги умумимиллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ истиқбол мегиранд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо