Wednesday, 23 October 2024
ҶАМЪБАСТИ КУРСИ САЙЁРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ “МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН: КАМБУДИҲОИ ҶОЙДОШТА ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН”

ҶАМЪБАСТИ КУРСИ САЙЁРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ “МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН: КАМБУДИҲОИ ҶОЙДОШТА ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН”

Тавре қаблант иттилоъ дода шуд бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон курси сайёри омӯзишӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон: камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он” бо иштироки беш аз 30 нафар роҳбарони дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулони мақоми низоми махфият ва дигар шахсони масъул доир карда шуд.

Чорабинии мазкур дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 қабул гардидааст, роҳандозӣ шуда, давоми рӯзҳои 12-14 июни соли 2024 доир гардид.

Курси сайёри омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи касбӣ, рушди донишҳои соҳавии масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдори вилоят, дарки муҳиммият ва зарурати дуруст ба роҳ мондани коргузории махфӣ ва баррасии масъалаҳои дар самти кории онҳо ҷойдошта доир карда шуда, мутахассисони соҳа тибқи барномаи таълимӣ дар ҳаҷми 16 соат ба шунавандагон дарс гуфтанд.

Санаи 14 июн ҷамъбасти курси сайёри мазкур дар толори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо иштироки муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Шарифзода Фируз Бобоназар ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Амирбекзода Ҳабибулло доир гардида, ба иштирокчиён гувоҳномаи хатм супорида шуд.

Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ба роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев барои ҳамкориҳои судманд ва мусоидат ҷиҳати ташкил ва баргузории силсила чорабиниҳои соҳавӣ изҳори сипос менамояд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо