Wednesday, 23 October 2024
“ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАДБИРҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ ОН

“ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАДБИРҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ ОН"-ЛЕКСИЯ-СУҲБАТИ АБДУЛЛОЗОДА АҲТАМ РУСТАМ-САРДОРИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ

Дар асоси Нақшаи ҷадвали ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, ки ҳамасола бо мақсади такмили қобилият ва малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатӣ ташкил карда мешавад,  3 июни  соли ҷорӣ курси навбатии такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти идеологӣ аз рӯи барномаи “Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид

Тибқи барномаи таълимӣ имрӯз, 4 июни соли 2024, лексия - мубоҳисаи Абдуллозода Аҳтам Рустам - сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои амалигардонии он” дар доираи курси такмили ихтисос барои муовинони самти идеологии мақомоти маҳаллӣ аз рӯйи барномаи “Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Сардори Саридора зимни лексия-суҳбат тамоми масъалаҳои марбут ба сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот матраҳ намуда, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоотро бо рӯнамо ва модули таълимӣ шарҳ дод.