МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ МАЪЛУМОТИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”
Санаи 4 ноябри соли равон бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатим назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 - солагии ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсози миллат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Асосҳои конститутсионии маълумоти дорои сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии Саридора доир карда шуд.
Чорабинии мазкурро сардори Саридора муҳтарам Аҳтам Абдуллозода ифтитоҳ намуда, вобаста ба аҳамияти қабули Конститутсия, таърихи қабули он, фаъолияти комиссияҳои таҳияи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳияти ин санади олии меъёрии ҳуқуқӣ суханронӣ намуда, кормандонро бо 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Дар идома аз ҷониби роҳбарону кормандони дастгоҳи марказии Саридора маърӯзаҳо доир ба ин санади волои ҳуқуқӣ аз ҷумла, “Омӯзиши таърихи қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлол”, “Конститутсия кафили таъмини баробарҳуқуқии мардон ва занон”, “Конститутсия - сарчашмаи асосии санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ва татбиқи онҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ” ва ғайраҳо ироа гардиданд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо иброз гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ тавонист роҳнамои боэътимоди ҷомеа ва давлат дар масири таҳкиму рушди минбаъда гардад.
Чорабинии сиёсӣ хубу хотирмон анҷом ёфт.