Tuesday, 22 October 2024
ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ БЕҲТАРИН МАҚОМИ НИЗОМИ МАХФИЯТ ДАР СОЛИ 2023 ОҒОЗ ГАРДИД

ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ БЕҲТАРИН МАҚОМИ НИЗОМИ МАХФИЯТ ДАР СОЛИ 2023 ОҒОЗ ГАРДИД

Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ санаи 3 августи соли 2023 барои масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилояти Суғд даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин мақоми низоми махфият” дар асоси иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, бо мақсади баланд бардоштани сифатнокии фаъолияти хизматӣ, рушд додани донишҳои соҳавӣ, дарёфт ва ҳавасманд намудани масъулони мақоми низоми махфияте, ки нишондиҳандаҳои хуби корӣ дошта, фаъолияти дурусту босамари мақоми низоми махфиятро баҳри ҳифзи боъэтимоди сирри давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд, доир гардид.

Дар озмун масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бевосита иштирок намуда, аз шумораи умумии ширкаткунандагон 10 нафар ба зердаври дуюм ва 3 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. 

Ғолибони даври 1-уми озмун бо Сипосномаи Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва ғолибони даври ҷумҳуриявӣ бо ифтихорнома, ҷоми махсус ва туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо