Saturday, 21 December 2024
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ВА ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН МАҚОМИ НИЗОМИ МАХФИЯТ” ДАР МИНТАҚАИ РАШТ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ВА ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН МАҚОМИ НИЗОМИ МАХФИЯТ” ДАР МИНТАҚАИ РАШТ

Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, санаи 22 августи соли равон бо иштироки масъулони дахлдори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт чорабинии машваратӣ - омӯзишӣ дар мавзӯи "Ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо" ва даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин мақоми низоми махфият” дар соли 2024 баргузор гардид.

Чорабиниҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифатнокии фаъолияти хизматӣ, рушд додани донишҳои соҳавӣ, дарёфт ва ҳавасманд намудани масъулони дахлдоре, ки нишондиҳандаҳои хуби корӣ дошта, фаъолияти дурусту босамарро дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд, доир карда шуд. 

Лозим ба зикр аст, ки ғолибони зердаври якум бо сипосномаи Саридора ва иштирокчиёну ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун бо ҷоми махсус, ифтихорнома, туҳфаҳои моливу пулӣ ва дигар намуди ҳавасмандиҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо