Monday, 7 October 2024
СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ

СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ "ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ ИФШОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ДАР МАТБУОТ ВА ДИГАР ВАО" ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади пешгирии ифшои сирри давлатӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш махдуд дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма бо иштироки масъулини дахлдор санаи 12 октябри соли 2023, дар шаҳри Хуҷанд семинар – машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Пешгирии ҳолатҳои ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” доир карда шуд.

Дар семинари мазкур роҳбарияти Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд, доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма ва матбуоти вилоят иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Суғд - Зоҳидзода Даврон меҳмононро хайрамақдам гуфта, вобаста ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва матбуоти вилоят, инчунин нақши сазовори онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии вилоят суханронӣ намуданд.

Дар баромади  худ, Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иброз дошт, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фаъолияти бонизоми воситаҳои ахбори омма, заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дигар шароитҳои созгори корӣ фароҳам оварда шудаанд ва дар ин замина, воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти самарабахши худ баҳри рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши босазо гузошта истодаанд.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди доираи васеи салоҳият ва ҳуқуқу озодиҳои барои воситаҳои ахбори омма, инчунин масъулияти мушаххасро барои мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ будани маводҳои чопшуда, махсусан пешгирии ифшои иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар онҳо пешбинӣ намудааст, ки албатта, аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ин самт сарчашма мегирад.

 Мақсад аз баргузории семинар - машварати мазкур қабл аз ҳама якҷо бо масъулини воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додани меъёрҳои қонунгузории соҳа, муҳокима намудани мушкилоти дар ин соҳа мавҷуда ва дарёфти роҳҳои ҳалли он арзёбӣ мегардад.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ мутахассисони соҳа доир ба нозукиҳои пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, тартиби дурусти ташхиси маводҳои омодашуда қабл аз чопи онҳо, инчунин тадбирҳои ҷавобгарии қонунӣ зимни ифшои сирри давлатӣ дар маводҳои чопӣ андешаронӣ намуданд.

Яке аз роҳҳои афзалиятноки пешгирии ишфои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ин баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ ва тибқи талаботи қонунгузорӣ сари вақт ба мақомоти ваколатдори давлатӣ расонидани нусхаҳои ройгони маводҳои чопӣ шуморида шуда, мушкилиҳои ин самти фаъолияти корӣ баррасӣ гардиданд.

Дар охири семинар – машварат ба иштирокчиён санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин самти фаъолият ва дигар маводҳои зарурӣ дастрас карда шуда, тасмим гирифта шуд, ки робитаи байни Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо масъулини матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоят баҳри мақсаднок амалӣ намудани фаъолият тақвият бахшида шавад.

Хабарҳои муҳим барои Шумо