БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ МИНТАҚАВӢ ДАР МАВЗӮИ “ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН” ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Санаи 10 октябри соли 2023, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи “Таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” доир карда шуд.
Конфронси минтақавӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, дарки муҳиммият ва нозукиҳои ин самти фаъолият, баланд бардоштани савияи касбии масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилоят, пайдо намудани роҳҳои бартарафсозии камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти онҳо ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар кишвар, дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлат ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 роҳандозӣ гардид.
Дар чорабинии мазкур Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории вилоят ва масъулони мақоми низоми махфияти онҳо иштирок намуданд.
Пеш аз оғози конфронс, бо мақсади пайдо намудани маълумоти бештар барои иштирокчиён воситаҳои техникии самти корҳои аттестатсионӣ ва сертификатсионии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар оғози чорабинии мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуда, вобаста ба иқдомҳои андешида ва натиҷаҳои он дар самти масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ, ҳифзи техникии иттилоот ва ҳифзи иттилооти дастрасиаш маҳдуд маълумот доданд.
Сипас, Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта дар самти таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар мамлакат ва роҳҳои бартараф намудани мушкилиҳо суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар як марҳилаи кутоҳ аз ониби Ҳукумати кишвар ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Саридора ба таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳа мусоидат карда, таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарияти вазорату идораҳо ва дигар мақомоти марбутаро ба ин самти кор тақвият, мақому манзалати низоми махфиятро таҳким ва сифтанокии пешбурди коргузории махфиро таъмин намуд.
Бо дарназардошти рушди техника ва технологияи муосир, роҳандозӣ гардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ, баррасии масъалаҳои ҳифзи иттилоот аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлил ва корбарии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Ҳамзамон бо ин, масъалаҳои ҳифзи боэътимоди иттилооти дастрасиаш маҳдуд баррасӣ шуда, доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти техникию инфрасохторӣ ва таъминоти кадрӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.