ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ШАҲРИ ОСТОНАИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН
Аз санаи 13 август то санаи 16 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо даъвати мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки мутахассисони соҳаи ҳифзи техникии иттилоот аз Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо мақсади амалигардонии Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар хусуси ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот баргузор гардид.
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати баррасии лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар хусуси ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот барои солҳои 2024-2029 муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ ва директори КВД “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза” иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи гурӯҳи корӣ ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳои соҳа, дастовардҳои навин, қонунгузории мукаммали соҳавӣ, тадбирҳои методӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи ҳифзи техникии иттилоот табодули таҷриба намуданд.
Ҷаласаи гурӯҳи кории мазкур ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ба роҳ мондани табодули таҷриба ва тақвияти фаъолияти соҳа замина гузошт.