Monday, 30 December 2024
ДАР ШАҲРИ ХУҶАНДИ ВИЛОЯТИ СУҒД СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ МАСЪУЛОНИ МАҚОМИ НИЗОМИ МАХФИЯТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲО ДОИР ГАРДИД

ДАР ШАҲРИ ХУҶАНДИ ВИЛОЯТИ СУҒД СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ МАСЪУЛОНИ МАҚОМИ НИЗОМИ МАХФИЯТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲО ДОИР ГАРДИД

Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, санаи 20 августи соли равон бо иштироки масъулони дахлдори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилояти Суғд чорабинии машваратӣ - омӯзишӣ дар мавзӯи "Ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар вилояти Суғд: камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо" дар соли 2024 баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иштирок намуда, қайд дошт, ки бо таваҷҷуҳи хоса ба ин самти муҳими давлатдорӣ ва дастгирии давлату Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар кишвар рушд ёфта, дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Саридора, махсусан қабул гардидани “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, қабули қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи тартиби додани ҷубронпулӣ ба шаҳрвандоне, ки корашон ба сирри давлатӣ алоқаманд аст” ва ба ин васила ба андозаи 15 фоиз баланд бардоштани маоши кормандони дахлдор ҷиҳати таъмини шароити мусоид баҳри дуруст ба роҳ мондани фаъолият, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи техникии заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи касбӣ, мукаммал намудани донишҳои соҳавӣ ва баратараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти масъулони МНМ бо дарёфти роҳҳои ҳал роҳандозӣ гардида, дар он зиёда аз 100 нафар муовини якум, муовинон ва роҳбарони дастгоҳҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин кормандони дахлдори сохторҳои гуногуни вилоят иштирок намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи соҳа дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир, роҳҳои беҳтар ва самарабахши таҳкими назорати соҳавӣ, чораҳои пешгирии ихроҷи иттилоот дар ҷараёни татбиқи ҳукумати электронӣ, ҷанбаҳои илмии ҳифзи иттилоот дар замони муосир ва дигар мушкилоти ҳалталаби соҳа баррасӣ ва баҳри дарёфти роҳҳои афзалиятноки ҳалли онҳо таклифҳои мушаххас манзур гардиданд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо