СЕМИНАРИ ВАСЕИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ «МАСЪАЛАҲОИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ДАР МАТБУОТ ВА ДИГАР ВАО»
Санаи 28 ноябри соли 2024 бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари васеи омӯзишӣ барои масъулони хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, хабарнигорони нашрияҳои даврӣ ва муҳаррирони телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.
Чорабинии мазкур дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар соли 2024 бо мақсади омӯзиши қонунгузории соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот ва тадбирҳои амалӣ вобаста ба пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ташкил гардид.
Семинари омӯзиширо сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, рушди илму техника, истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ ва пешбурди фаъолияти сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ ва интишори маводҳои чопӣ масъалаи пешгирии ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма мубрам гардида, масъулияти баланди кормандони ин ниҳоди муҳими ҷомеаро талаб менамояд. Дар робита ба ин донистани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”, “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо”, “Дар бораи ҳифзи иттилоот” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин соҳа ва муносибатҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти масъулони хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, хабарнигорони нашрияҳои даврӣ ва муҳаррирони телевизион ва радиои ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Дар идомаи қисмати ифтитоҳии чорабинӣ Давлат Сафар - муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Камолова Маҳбуба- сармуҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии “Народная газета” ва Шарифзода Лашкар сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии “Паёми Душанбе” дар атрофи мавзӯи нақши матбуот ва дигар ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ибрози назар намуданд.
Тибқи барномаи семинари васеи омӯзишӣ аз рӯйи мавзуъҳои мубрами соҳа вобаста ба омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, вазифа ва уҳдадориҳои намояндагони матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омама дар таъмини ҳифзи боэътимоди сирри давлатӣ, мушкилоти расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо ва таҳлили саривақтии онҳо ҳамчун омили муҳими пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар ВАО ва масъалаҳои воситаҳои ҳифзи техникии иттилоот аз ҷониби мутахассисони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шунавандагони семинари омӯзишӣ шарҳу тавзеҳ дода шуда, табодули афкор дар ҷараёни семинар сурат гирифт.