Tuesday, 18 November 2025
ПРЕЗИДЕНТ – КАФИЛИ ПОЙДОРИВУ БАРДАВОМИИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

ПРЕЗИДЕНТ – КАФИЛИ ПОЙДОРИВУ БАРДАВОМИИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

      14 ноябри соли ҷорӣ дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Президент – кафили пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон" чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

      Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Саридора Одиназода Исмоил чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, иброз доштанд, ки зери таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои мамлакат ба соҳаи сирри давлатӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, фаъолияти кории мақомот рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст. Маҳз дар зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти мамлакат, ки бевосита муайянкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ маҳсуб меёбанд, мушкилоти соҳа бартараф гардида, нишондиҳандаҳои асосии фаъолият баланд гардид. 

       Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Раҳматуллозода Мавзуна ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон ва 33 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, қайд намуд, ки таҷлили ин санаи бузург ҳамчун нишони арҷгузории хидматҳои бузургу таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад.

        Дар идомаи чорабинӣ филми мустанади "МАРДИ РОҲ" ба намоиш гузошта шуда, кормандони ҷавони Саридора аз ҳодисоту воқеоти солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷоннисориву раиятпарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос шуданд.