Thursday, 4 September 2025
ИСТИҚЛОЛИЯТ - ТАҲКИМБАХШИ ҲАЁТИ ҶОМЕА

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ТАҲКИМБАХШИ ҲАЁТИ ҶОМЕА

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат ва кишвар муқаддастарин неъмат маҳсуб ёфта,  он рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдатӣ миллӣ ва имкони рушди озодонаи давлату ҷомеаро ташкил намуда, ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд. Баъд аз пош хурдани ИҶШС давлатҳои аъзои он ба эълони истиқлолияти худ оғоз бахшиданд. Тоҷикистон низ ҳамчун аъзои ИҶШС, пас аз пош хурдани он ба эълони истиқлолияти миллии худ пардохт. Пас аз талошҳои зиёде, 24 - уми августи соли 1990 эъломияи Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ин санади муҳим заминаи асосие буд ба эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамин тариқ Изҳороти Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 9 – уми сентябри соли 1991 қабул гардида, тавассути ин санад Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд, ки ин натанҳо ҳамчун рӯзи фаромӯшнашавандаи таърих барои миллат ба ҳисоб меравад, балки оғози бунёди марҳилаҳои навини рушди давлатдорӣ буд.

         Истиқлолияти давлатӣ барои мардум имконияти муносиб фароҳам оварда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисод, маориф, тандурустӣ ва амнияти миллӣ тағйироти куллӣ ба амал овард.

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон роҳеро пеш гирифт, ки ба таъсиси ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисод ва балад бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ иброз доштанд, ки “Истиқлолият барои халқи тоҷик на танҳо оғози давраи нав, балки пояи давлатдорӣ ва асоси зиндагии обод ва шукуфо мебошад

         Солҳои  нахустини соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд, аммо ҳамин марҳала барои рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди миллӣ имконият фароҳам овард. Ҳоло мардум имконияти таъсис додани тиҷоратҳои хурду миёнаро пайдо карданд ва ин барои паст гардидани сатҳи бекорӣ ва балад бардоштани даромади аҳолӣ мусоидат намуд. Бо кӯмаки давлат ва шарикони байналмилалӣ инфрасохтори кишвар низ батадриҷ барқарор ва рушд ёфт: роҳҳо, шабакаҳои барқ ва обрасонӣ беҳтар шуданд, ки ин ба сифати ҳаёти мардум таъсири мусбат гузошт.

         Дар соҳаи инфрасохтор низ тағйироти назаррас ба амал омада, роҳҳои нави мошингард ва беҳтарсозии шабакаҳои барқ ва обрасонӣ ба анҷом расид, ки дастрасии мардумро ба хизматрасониҳои асосӣ афзун намуда, шароити зиндагиро беҳтар намуд.

         Пас аз соҳибистиқлолӣ иқтисоди Тоҷикистон шурӯъ ба барқароршавӣ намуд. Бо вуҷуди он, ки солҳои аввали истиқлолият бо ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони вазнини иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид ва бо заҳматҳои ҷоннисоронаи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдилию ҳамдастии халқи тоҷик сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуд. Дар ин масир тазаккур бояд дод, ки сатҳи камбизоатӣ сол то сол дар кишвар коҳиш ёфта истодааст, ки ин нишонаҳои муваффақияти сиёсати иқтисодӣ мебошад.

         Яке аз зеботарин меъёрҳои сатҳи зиндагӣ ин умед ба фардо аст ва имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад бо боварӣ ва орзуҳои бузург ба сӯи оянда нигарад.

         Дар оғози солҳои 90-ум Тоҷикистони тозаистиқлол дар шиддаттарин буҳрони иқтисодӣ қарор дошт, аммо бо дарназардошти аҳмияти устувори иқтисод, сиёсати босамари давлат дар самти рушди соҳибкорӣ ва инфрасохтор амалӣ шуд. Дар ин раванд Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояш таъкид намуданд: “Рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи аввалиндараҷаи мо мебошад

         Маърифати мардум ва сифати таҳсил яке аз рукнҳои асосии рушди ҳар кишвар аст. Дар даврони  Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон тавонист барномаи рушди маорифро амалӣ намояд ва барои беҳтар намудани сифати таълим тадбирҳои муҳим андешад. Дар тамоми қаламрави кишвар муассисаҳои наву замонавӣ бунёд ва бархе барқарор шудаистодаанд. Ҳамзамон, омӯзгорон ихтисос ва малакаи худро такмил дода, омӯзиши забон ва фарҳангӣ миллӣ бештар шуд. Дар натиҷа, ҷавонони тоҷик ба таҳсилоти босифат дастрасӣ пайдо карда тавонистанд, ки дар заминаҳои гуногун мутахассисони касбӣ шаванд. Ҳамчунин, дар ин радиф таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши забони тоҷикӣ ва эҳёи аризшҳои миллии фарҳангӣ равона шуда, маърифати ҷомеа ва таъмини таҳсилоти босифат яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи давлату ҳукумат қарор гирифт.

Таҳкими низоми маориф ва сармоягузорӣ ба рушди нерӯи инсонӣ яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол ба ҳисоб меравад. Дар ин давра садҳо муассисаҳои таълимии нав сохта шуда, шумораи донишҷӯён ва дастрасӣ ба таҳсилоти олӣ афзоиш ёфтааст. Барномаҳои омӯзишии компютер, забонҳои хориҷӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ба сифати таҳсилот таъсири мусбат мерасонанд.

         Имрӯзҳо Тоҷикистон на танҳо кадрҳои баландихтисоси худро дар дохили кишвар омода месозад, балки дар доираи барномаҳои ҳамкории байналмилалӣ ҷавонони зиёде дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки ин яке аз дастовардҳои бузургтарин барои беҳбудӣ ва сатҳи зиндагии мардум мусоидаткунанда мебошад.

Саломатии мардум барои ҳар кишвар муҳим аст ва истиқлолият дар ин соҳа низ таҳаввулоти мусбат овард. Бо таъсиси марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои нав дар шаҳру навоҳӣ, дастрасии мардум ба хадамоти тиббӣ беҳтар гардид. Барномаҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва эпидемияҳо ба роҳ монда шуданд. Инчунин, маърифати тиббӣ ва иттилоот дар бораи нигоҳубини саломатӣ дар байни мардум васеъ шуд, ки ин барои беҳбудии вазъи тандурустии аҳолӣ нақши муҳими худро гузошт.

         Дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои беҳтар гардидани сатҳи саломатии мардум чандин шабакаҳои муассисаҳои тиббӣ такмил дода шуда, марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои нав бунёд гардиданд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат пас аз истиқлолият таҳкими соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳдошти шароити зиндагии мардум буд. Бунёди муассисаҳои нави тиббӣ, дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ, вусъати барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгириҳои қишрҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим маҳсуб меёбад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорон иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистон, бемористон, марказҳои саломатӣ ва биноҳои нави истиқоматӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Барномаҳои давлатӣ дар самти коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ натиҷаҳои назаррас ба бор оварданд.

Пешвои муаззами миллат дар яке аз вохӯриҳояш бо кормандони соҳаи тандурустӣ чунин қайд намуданд: “Тандурустии миллат, саломатии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳимтарин арзиши давлат ва ҷомеа мебошад

         Пас аз Истиқлолият ба даст овардан, яке аз вазифаҳои асосӣ таҳкими амнияти миллӣ буд. Тоҷикистон бо таҳкими нерӯҳои мусаллаҳ ва ташкили сохторҳои идораи давлатӣ тавонист субот ва оромии дохилиро таъмин намояд. Ин омил барои коҳиш додани таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин барои рушди иқтисод ва зиндагии осоишта дар кишвар замина фароҳам овард. Истиқлолият дар ташаккули ҳисси ифтихор ва муттаҳидии миллӣ низ нақши муҳим бозид.

Пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ бо тавваҷуҳ ва заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби нерӯҳои қудратии кишвар амнияти давлат таъмин карда шуд ва барои рушди иқтисод ва иҷтимоиёт заминаи муосид фароҳам овард.

         Бо шарофати истиқлолият ҳисси ифтихор ва муттаҳидии миллӣ дар миёни мардум тақвият ёфт. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат таҷлил аз санаҳои муҳими таърихӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ густариш ёфт. Истиқлолият асоси таҳкими амнияти миллӣ гардид. Пешвои муаззами миллат дар ин масир таъкид намуданд: “Муҳофизати марзу бум ва таъмини амнияти миллӣ вазифаи муқаддас ва муҳимтарин аст

Амният ҳамчун шохаи муҳимми истиқлолият барои Тоҷикистон нақши беназир дорад. Бо таъсиси нерӯҳои қудратӣ Тоҷикистон тавонист суботи дохилиро таъмин намояд ва таҳдидҳои мухталифро рафъ намояд.

Суботи сиёсӣ ва амнияти дохилӣ ин неъматҳое мебошанд, ки танҳо мардуми аз рӯзгори ҷанг ва нооромӣ гузашта арзишашро ба пуррагӣ дарк мекунанд. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва бо буҳронҳои солҳои навадум Тоҷикистон имрӯз ба яке аз амнтарин ва суботтарин кишварҳои минтақа мубаддал гардидааст.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад бо оромии дил ва боварӣ ба амнияти фарзандон, молу мулк ва ҳаёти худ зиндагӣ кунад. Мо амниятро бо шарофати истиқлоли давлатӣ дар лабханди кӯдакон, бо шабҳои оромии мардуми деҳоту шаҳр ва бо умеди рӯзафзуни наслҳои навин таҷассум менамоем.

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон натанҳо ба маънои расмии соҳибистиқлолӣ буд, балки барои мардуми кишвар оғози марҳилаи нав дар ҳаёт ва рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шумурда мешавад. Тағйирот дар сатҳи зиндагӣ, маориф, тандурустӣ ва амнияти миллӣ нишон медиҳад, ки Истиқлолият ба раванди созанда ва пешравии Тоҷикистон таъсири амиқ гузошт. Имрӯз мардуми Тоқикистон бо ифтихор ва масъулият ба истиқлолият менигаранд ва барои рушди минбаъдаи кишвар талош меварзанд. Ин падидаи таърихӣ барои тамоми халқи тоҷик сабаби ифтихор ва дастоварди бузург аст.

         Ин дастовардҳо натиҷаи талошҳои доимии роҳбарӣ давлат ва мардуми Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз ба ҳайси як давлати мустақил ва соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.

         Таъмини зиндагии шоиста ба ҳар шаҳрванди мамлакат, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлат пас аз соҳибистиқлолӣ ба шумор мераванд. Мо итминон дорем, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ва талошҳои ватандӯстонаи шаҳрвандон Тоҷикистон дар оянда низ ба пешравиҳои бузург ноил хоҳад гашт.

Таърихи навини Тоҷикистон собит месозад, ки бе истиқлолият на зиндагии арзанда имконпазир аст ва на сулҳу суботи воқеӣ.

         Истиқлолият ба давлат имкон дод, ки сарнавишти худро худ таъйин намояд ва ба мардум имконият дод, ки аз ин фурсати муносиб истифода намоянд ва дар хонаи худ бо оромиву боварӣ зиндагии шоиста намоянд.

         Имрӯз Тоҷикистон чун кишвари сулҳу амонӣ ва дар ҳол рушд эътироф шудааст ва ин ҳама самараи Истиқлол ва иттиҳоду заҳмати мардуму давлат мебошад.

         Зиндагии шоиста ва амнияти пойдор, ки имрӯз миллати тоҷик аз он баҳраманд аст, намунаи возеҳи муваффақияти як халқи соҳибистиқлол ва дорои иродаи мустаҳкам мебошад.

         Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои сулҳофари худ 34 – солагии ҷашни умумимиллӣ, яъне Истиқлоли давлатиро таҷлил менамоянд.

         Бо истифода аз чунин фурсати муносиб кулли ҳамватанони азизро бо ин ҷашни пуршукӯҳи миллӣ табрик намуда, ба онҳо рӯзгори пурфайз ва саломативу саодатмандиро таманно менамоям.

 

Муовини сардори Раёсати ташкили

коргузорӣ, назорат ва кор бо кадрҳо

Азизуллозода М.Х.

Хабарҳои муҳим барои Шумо