Monday, 8 September 2025
Иштироки кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи “Дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ

Иштироки кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи “Дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ

Бахшида ба ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ ва иди касбии китобдорон санаҳои 4 ва 5 сентябри соли равон, дар “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дарҳои боз” ташкил карда шуд. Дар рӯзи кушодашавии чорабинии мазкур кормандони  вазорату идораҳои кишвар, хабарнигорони Васоити ахбори омма, донишҷӯёну муҳассилини таълимии шаҳри Душанбе ва берун аз он иштирок намуданд. Дар баробари кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар, кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар рӯзи кушодашавии чорабинӣ иштирок намуда, ба намоиши китобҳои тозанашр ва фурӯши онҳо шинос шуданд.

Китоб муҳимтарин воситаи ташаккулдиҳандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва омили баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, хоса насли ҷавонон дар ҷомеаи башарӣ маҳсуб мешавад. Он метавонад дар камолоти маънавию рушди арзишҳои ахлоқиву равонии ҷомеа нақши муассир гузорад. Китоб ба ҳайси шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани арзишҳои волои миллӣ ва аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки тавассути он мо ба таъриху тамаддун ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти гузаштагони худ ва осори безаволи онҳо шинос шуда, омӯзиши онро барои рушду такомули ҳаёти маънавии ҷомеа пайваста тарғиб менамоем.

Хабарҳои муҳим барои Шумо